Рӯзи 21 октябри соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои гурӯҳи мониторингии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар даври дуюми шарҳи татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои татбиқи боби II ва V Конвенсия, аз ҷумла, пешгирии коррупсия, такмили механизмҳои назорати давлатии молиявӣ, пешгирии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, ҳамкориҳои байниидоравӣ ва байналмилалӣ, инчунин ошкор, пайгирӣ, мусодира ва баргардонидани дороиҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада баррасӣ шуданд.

Дар чорабинии мазкур муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Н.А. иштирок намуда, оид ба тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишвар ва татбиқи муқаррароти моддаҳои 10 ва 13-и Конвенсия маълумот пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҷонибҳо аҳамияти чунин ҳамкориҳоро дар баланд бардоштани самаранокии чораҳои зиддикоррупсионӣ таъкид намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда ва табодули таҷриба дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия иброз доштанд.






