ВКЛ / ВЫКЛ: ИЗОБРАЖЕНИЯ: ШРИФТ: A A A ФОН: Ц Ц Ц Ц
Для слабовидящих

Уполномоченный по правам ребенка
в Республике Таджикистан

МЕНЮ

girl boy2

Календарь событий

Октябрь 2026
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

22
октября
2026

Иштирок дар чорабинии миллӣ

22 октябри соли 2026 конфронси миллӣ таҳти унвони «Дастрасии занунону духтарон ба адолати судӣ» бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир гардид, ки дар он муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Муқимӣ Нигора Аминзода ширкат варзида, атрофи мавзуи баррасишаванда суханронӣ намуд

Қайд гардид, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар асос ёфтааст. Конститутсия баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷомеа таҳти ҳимояи давлат қарор додааст.

Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардону занон ва ҳифзи ҳуқуқҳои занону духтарон пайваста тақвият меёбанд.

Илова карда шуд, ки қонунгузории миллӣ дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, расонидани ёрии ҳуқуқӣ, инчунин баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон заминаи муҳим фароҳам овардааст.

Бо вуҷуди заминаи ҳуқуқии фароҳамовардашуда, татбиқи самараноки кафолатҳои пешбинишуда ҳанӯз ҳам тақвияти талошҳои муштаракро тақозо менамояд. Дар амал, баъзе занону духтарон бо мушкилоти вобаста ба нокифоя будани огоҳии ҳуқуқӣ, дастрасии маҳдуд ба хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, вобастагии иқтисодӣ ва монеаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин ҳолат зарурати тақвияти чораҳои амалӣ ва наздик намудани хизматрасониҳои ҳуқуқиро ба аҳолӣ боз ҳам муҳим мегардонад.

Дар маҷмуъ, чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, дар он масъалаҳои матраҳшуда муҳокима гардиданд, инчунин ҷиҳати таҳким ва муайян сохтани роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти беҳтар намудани дастрасии занону духтарон ба адолати судӣ тавсияҳои амалӣ пешниҳод карда шуданд.


Эмомали Рахмон

Цитата-3 Цитата-4 Цитата-5 Цитата-1 Цитата-2 Цитата-6

Цитата-3

В целях обеспечения защиты прав ребенка предлагаю создать в Республике Таджикистан институт Уполномоченного по правам ребенка. Э.Рахмон

Цитата-4

Воспитание и обучение детей и подростков является одной из основных задач социальной политики государства. Э.Рахмон

Цитата-5

Если мы хотим обеспечить достойное будущее Таджикистану, то сегодня мы должны создать необходимые условия для талантливых и одаренных подростков и молодежи. Э.Рахмон

Цитата-1

Сегодняшние дети завтра вырастут как патриотичное поколение и достойными гражданами нашего дорогого Таджикистана. Э.Рахмон

Цитата-2

Сегодня созданы все условия для обучения и воспитания детей и подростков. Э.Рахмон

Цитата-6

Нашим подросткам и молодежи необходимо ценить мир, спокойствие, политическую стабильность, независимость и свободу, как поколение, строящее будущее, стремиться к защите и умножению достижений независимости. Э.Рахмон

Опрос

Если ребенок попрошайничает, кто в этом виноват?

girl boy

Разработано в DarAmal