ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
16
майи
2019

ОМОДАГИҲО БА КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМО”

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019», ки аз 29 декабри соли 2018, №593 тасдиқ шудааст, моҳи майи соли ҷорӣ баргузории конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо” пешбинӣ гардидааст.

Аз ин лиҳоз, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани конфренсияи мазкур як қатор корҳо ба сомон расонида шуд, аз ҷумла:

• санаи баргузории конфренсия 21-22 майи соли 2019 ва ҷойи баргузории он меҳмонхонаи “Ҳаятт” интихоб карда шуд;

• ар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳисоби намояндагони Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гурӯҳи тадорукотӣ таъсис дода шуд;

• ҷиҳати мусоидат дар баргузории конференсия бо шарикони рушд вохӯриҳо анҷом дода шуд;

• тарҳи пешакии барнома, рамз, маводи тақсимотӣ, баннерҳо ва рӯйхати иштирокчиёни конференсия омода карда шуд.

Айни ҳол, роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия, Озорбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштироки худро тасдиқ намуданд.

Ҳамчунин дар кори конференсия намояндагони Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаи Рушди СММ, вазорати корҳои хориҷии Финляндия, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва мақомоту муассисаҳои давлатӣ иштирок менамоянд.

Итминон дорем, ки конференсия дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, барои ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва боз ҳам боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal