ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
19
июли
2022

Падару модар нахустустоди фарзанд

Падару модар нахустустоди фарзанд
Аз даврони ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон баҳри фароҳам сохтани ҳама гуна шароит ҳама сола бо роҳи қабули қонуну қарорҳо ва ба тасвиб расонидани конвенсияҳои СММ саъю талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии мо қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дуюми августи соли 2011 таҳти рақами №762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст.
Қабули чунин як санади миллӣ таҷассуми сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ба камол расидани онҳо мебошад.
Қабули қонуни мазкур дар ҷумҳурии мо ислоҳоти ҷиддиеро дар соҳаи илму маориф ва фарҳангу маънавиёт ба миён оварда, такконбахшу ҳидоятгари аҳли ҷомеа оид ба даст овардани муҳимтарин сармояи инсонӣ – маърифат гардид.
Пеш аз ҳама, падару модар, омӯзгор, мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа вазифа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро амиқан дарк карда, дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти ба зимма доштаашонро хуб эҳсос намуда, дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилотро дарк намуданд.
Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои муайян, баъзе аз падару модарон ва аҳли ҷомеа, риояи муқаррароти қонуни мазкурро сарфи назар мекунанд, ки ба рӯҳияи кӯдакон бетаъсир намемонад.
Ин аст, ки то ҳол аз беназоратӣ ва бетаваҷҷуҳии баъзе волидону омузгорон қонуншиканӣ миёни ноболиғон, бадрафторӣ, беҳудагардӣ, риоя нагардидани ҳуқуқи кӯдакон дар муҳити оила ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба назар мерасад. Инҳо аз зумраи он мушкилиҳое мебошанд, ки бояд аз ҷониби оила, мактаб ва аҳли ҷомеа дуруст дарк ва бартараф шаванд.
Баҳри бартараф ва пешгирї кардани ҳолатҳои мазкур, дар раванди татбиқи амалии қонуни мазкур падару модар уҳдадор гардиданд, ки раванди таҳсили фарзандро назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ иштирок намоянд. Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром карда, ба ташаккули шахсият, худшиносӣ ва ҷаҳони маънавии фарзанд ба таври ҳамешагӣ диққат диҳанд.
Дар ин раванд бояд оила бо мактаб робитаи зич дошта бошад. Ҳарчанд оила дар тарбияи кӯдак нақши муҳим дорад, аммо дар алоқамандӣ бо мактаб мукаммал мегардад.
Дар сархати 8-уми моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, ки падару модар ҳуқуқ доранд бо раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд.
Аз ин рӯ, саъю талош бояд кард, ки дар ҳамбастагию иртибот бо муассисаи таълимӣ ва аҳли ҷомеа падару модарон рисолати хешро дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд сарбаландона иҷро намуда, наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду тараққии кишвар саҳми созандаи худро гузоранд.
Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ёздаҳ сол сипарӣ шудааст.
Имрузҳо мо мушоҳида менамоем, ки хонандагон дар озмунҳои дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузоршавандаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва ғайра фаъолона иштирок менамоянд.
Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад.
Қонун масъулияти ҳамаи аҳли ҷомеа ва сохторҳои мавҷударо бедору водор намудааст. Падару модар дар қатори дигар аҳли ҷомеа бештар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фарзандашон таълиму таҳсили хуб гирифта, фанҳои таълимиро ба таври даркорӣ азбар намоянд, дар чорабиниҳои муассисаи таълимӣ иштироки фаъолона дошта, касбї дуруст интихоб намоянд. Яъне, бо назардошти чунин муносибати падару модар нисбат ба фарзанд дар татбиқи амалии қонун собит гардид, ки нахустустоди фарзанд падару модар аст.


Муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
кўдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомов А.Б.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal