боздид аз Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-2 ва кӯдакистони “Ахтарак” ноҳияи Рашт
Зимни сафари кории худ санаи 31 июл соли 2025 муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
М. Бобоҷонзода, аз Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-2 ва кӯдакистони “Ахтарак” ноҳияи Рашт боздид ба амал овард.
Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак М. Бобоҷонзода зимни боздид бо роҳбари муассисаҳо ва кормандони он вохӯрда, аз фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мушаххас манзур намуд. Қайд намуд, ки ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакон ба хусус кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб пайваста дар мадди назари Ҳукумати мамлакат карор доранд.
Ҳамчунин дар идомаи кории худ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак М. Бобоҷонзода бо шароити зисти кӯдакон, таъминоти онҳо бо ғизо, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, шароити кори кормандон аз наздик шинос шуда, бо онҳо суҳбати самимӣ намуд.
Дар охир ба кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассиса тавсияҳои дахлдор дода шуд.