ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

girl boy3

26
сентябри
2023

Боздид аз Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1-и ш. Душанбе”

photo 2

   22 сентябри соли 2023 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз “Маркази Дастгирии оила ва кӯдак” №1-и шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд Хонаи кӯдакон барои ноболиғони синнашон аз рӯзи таваллуд то ҳафт сола ба инобат гирифта шудааст.

Айни замон 69 кӯдак ба нигоҳубин фаро гирифта шуда, онҳо вобаста ба синну сол ва маъюбият ба 7 гӯруҳ ҷудо карда шудаанд.

Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак бо шароити зисти кўдакон, таъминоти онҳо бо ғизо, муносибати кормандони муассиса бо кўдакон, шароити кори кормандон аз наздик шинос шуд.

 

photo 3ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак бо ҳайати роҳбарон ва кормандони муассиса вохурда, оид ба ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кўдакони ятиму бепарастор ва маъюб суҳбат намуда, ба ҳозирин дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон маълумот дод. Дар охир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ба кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ба масъулини соҳа маслиҳатҳои дахлдор доданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal