ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
7
марти
2024

Мизи мудаввари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ифтихори “Рӯзи Модар”

Санаи 7 марти соли 2024 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори “Рӯзи Модар” мизи мудаввар таҳти унвони “Зан – олиҳаи зиндагӣ” бо иштироки кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ баргузор гардид.

 Дар чорабинии идона сараввал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода баромад намуда, бонувони мақомот ва дар симои онҳо тамоми модарону бонувони ҷумҳуриро бо фарорасии ҷашни барои ҳар як инсон муқаддаси “Рӯзи Модар” самимона муборакбод намуданд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи суннатҳои қадимаи аҷдодонамон, яъне арҷгузорӣ ба Зан-Модар ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯ дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ беназир аст.

 

Дар мизи мудаввар сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Ш. Раҳматова ва мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Л. Катахонова оид ба ҷанбаҳои гуногуни ин ҷашни муқаддас ва дар ин замина нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар пешбурди ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад карданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ маърӯзаҳои пешниҳодшударо муҳокима намуда, таманниёти худро ба модарони азиз ва хоҳарони меҳрубон иброз намуданд.

Дар раванди чорабинии идона дар васфи Зан-Модар аз бузургони адабиёти классикӣ ва муосир шеърҳо қироат карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинии идона Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бори дигар ҳамагонро бо фарорасии ҷашни “Рӯзи Модар” муборакбод намуда, бонувони мақомотро бо гулҳои садбарг ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal