ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
19
марти
2024

Наврӯз – ҷашни шукуҳи табиат ва эҳёи он. Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил гардид.

Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин ниҳод.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз намуд, ки Наврӯз аз қадимтарин идҳои мардуми мо ба шумор рафта, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. «Хушбахтона, пас аз соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукуҳу ҳашамат ҷашн гирифта мешавад. Барои мо — тоҷикон мояи ифтихор аст, ки ҷаҳонишавии Наврӯз натиҷаи иқдоми пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз Наврӯзи оламафрӯз дар тамоми олам шинохта шудаву  мардумони дунё омадани онро пазмон мешаванд»,— гуфт ӯ.

 

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром дорад ва онро чун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедории табиат эътироф менамояд.

Гуфта шуд, ки Наврӯз бо нақши созандааш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбутта, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсимии баҳор ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз  тоҷикон ин иди моҳиятан азизу муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил намуда, беҳтарин орзуву ормонҳояшонро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд.

Тавре аз номи он бармеояд, Наврӯз — рӯзи нав буда, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад.

Боз нашр аз «Ховар» 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal