ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Июн 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

girl boy3

2
майи
2024

Санҷиши Муассисаи давлатии таълимии томактабии ширхоргоҳ- кўдакистони №и 89 шаҳри Душанбе

Санаи 26 апрели соли 2024 кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Барномаи амали Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумњурии Тоҷикистон барои соли 2024 дар доираи амалисозии Стратегияи маќомоти Ваколатдор оид ба ҳуќуќи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2021-2025 дар Муассисаи давлатии таълимии томактабии ширхоргоҳ- кўдакистони №и 89 шаҳри Душанбе санҷиш гузарониданд.

 

Санҷиши шароити таълиму тарбия нишон медиҳад, ки дар муассиса ҳуҷраҳои гузаронидани машғулиятҳо, ҷойи хоб, ҳуҷраи ёрии тиббӣ, равоншинос, ошхона, толори мусиќӣ, майдончаи варзишӣ, айвончаҳо барои гузаронидани чорабинињои фарњангї-фароғатӣ ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгу мебошанд.

Зимни санҷиш бо мураббиён ва кўдакон суҳбату пурсишҳо гузаронида шуд. Ҳангоми суҳбату пурсишҳо кӯдакон аз муносибати мураббиён бо онҳо, таъминоти кофии хӯрока, муносибат байни якдигар, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, шароит ва хизматрасонӣ дар кўдакистон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарият ва мураббиён корҳои тарбиявиро дар байни кўдакон хуб ба роҳ мондаанд.

Дар маҷмуъ натиҷаи омӯзиш нишон дод, ки дастрасии кӯдакон ба тањсил, њифзи саломатї ва истироҳату фароғат дар муассиса хуб ба роҳ монда шуда, вайроншавии ҷиддии ҳуқуқи кўдак ба ќайд гирифта нашуд.

Пас аз анҷоми санҷиш бо роҳбарияти Муассиса суҳбат гузаронида шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal