ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
18
майи
2025

Ҳуқуқи кӯдак ба ҳофизаи таърих

Таҳти ин мавзуъ санаи 16 майи соли ҷорӣ дар доираи Раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Нақшаи кори Комиссияи ваколатдорони ҳуқуқи кӯдаки (омбудсменҳои) давлатҳои – узви ИДМ барои соли 2025 бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тариқи маҷозӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоту муассисаҳои давлатҳои – узви Комиссия, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсия Россия ва ҳамчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро М.Бобоҷонзода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки нигоҳ доштани ҳофизаи таърихӣ барои насли наврас бисёр муҳим мебошад. Зеро, бо доштани ҳофизаи таърихӣ кӯдакону наврасон дар бораи гузаштаи миллати худ, корномаҳои ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумот гирифта, ҷиҳати ҳифзи арзишҳои таърихӣ барои имрӯзу оянда тасмим мегиранд. Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 80-солагии ғалаба дар ҶБВ, ки рӯз 8 май иброз доштанд, ки: “Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ҷони худро қурбон карданд.

Мардум ва Ҳукумати мамлакат ба ин хизмати таърихии фарзандони содиқу далери худ ҳамеша арҷ мегузоранд.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.

Бовар дорам, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи халқамон саъю талоши бештар мекунанд”.

Сипас, иштирокчиёни чорабинӣ дар мавзуъҳои: “Ҷанбаҳои таърихии муайян намудани мавҷудияти кӯдак”, “Ҳуқуқ ба даврони кӯдакӣ ва меъёрҳои пешгирикунандаи иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона”, “Генотсиди халқи шуравӣ: ҷанбаҳои марбут ба кӯдакон”, “Нақши духтари қирғиз дар ҳифзи ҳаёти кӯдакони Ленингради муҳосирашуда”, “Нақши тарбия дар нигоҳ доштани ҳофизаи таърихии насли наврас“ ва мавзуъҳои малисозии ҳуқуқи кӯдак ба ҳофизаи таърихӣ тавассути чорабиниҳои таълимӣ ва фарҳангӣ дар Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қиғизистон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Конференсия бо таҳлилу баррасӣ ва пешниҳодҳои ҷолиб ба анҷом расида, иштирокчиён тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати ҳифзи ҳофизаи таърихии кӯдакон ва таълиму тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ минбаъд низ ҳамкориҳоро идома диҳанд.

Хадамоти матбуотии

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal