
Санаи 2 апрели соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ҷаласаи 6-уми Комиссияи ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи зикршуда вобаста ба ҷараёни омодагии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои гузаронидани аксияи байнидавлатии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар ИДМ» (рӯзҳои 6-10 апрели соли чорӣ) иттилои аъзои Комиссия шунида шуда, қарори дахлдор қабул гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси қарори Шурои сарони давлатҳои ИДМ аз 14 октябри соли 2022 соли 2026 - «Соли ҳифзи саломатӣ дар ИДМ» эълон гардидааст. Дар ин зимн, 29 сентябри соли 2025 бо қарори Шурои мазкур Нақшаи чорабиниҳо дар соли 2026 оид ба омодагӣ ва баргузории «Соли ҳифзи саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ба тасвиб расидааст, ки тибқи банди 2.8 он - Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» аз рӯйи самтҳои гуногун пешбинӣ карда шудааст.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани қарор ва Нақшаи чорабиниҳои болозикр бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи намунавии баргузории аксияи ҷумҳуриявии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» таҳия гардида, он бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чораҷӯйӣ ба ниҳодҳои дахлдор ирсол карда шуд.
Тибқи Нақшаи мазкур дар мамлакат санаҳои 6-10 апрели соли 2026 баргузории чорабиниҳои мухталиф дар назар буда, имрӯз дар бинои МД «Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маросими ифтитоҳи расмии аксияи ҷумҳуриявӣ - «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» роҳбарият ва масъулони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи ВҲИ






