Бо мақсади таъмини ҳуқуқи инсон ба саломатӣ соли 2026 дар давлатҳои узви ИДМ “Соли ҳифзи саломатӣ” эълон гардидааст. Дар ин робита, аз 6 то 10 апрел дар Тоҷикистон низ баргузории маъракаи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” идома дошта, роҳбарият ва кормадони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ташкил ва гузаронидани ин чорабиниҳо саҳм мегузоранд.
Чунин як чорабинӣ санаи 7 апрел дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 200 нафар устодону донишҷӯёни муассисаи мазкур баргузор карда шуд. Чорабиниро Сафо Қаландаров намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ифтитоҳ намуда, оид ба мақсади баргузории “Ҳафтаи ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” маълумот дод.
Дар чорабинӣ, ки дар шакли дарси кушод доир гардид Қодирӣ Суҳайлӣ сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Раъно Кулобиева намояндаи Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маърӯза намуда, оид ба аҳаммияти ҳифзи саломатӣ, беҳдошт, муносибат бо беморон, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳо дар байни занону кӯдакон маълумоти муфассал доданд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳифзи саломатии кӯдакон ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳамкории муассисаҳои соҳа бояд боз ҳам тақвият ёбад.
Зикр шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббӣ ва ҳуқуқии ҷомеа, инчунин таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ мусоидат менамоянд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд доир гардида, донишҷӯён баргузории чунин дарсҳои кушодро бо мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ карданд.






