Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон санаи 1 июни соли ҷорӣ кӯдакон – муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фаъолияти мақомот, кормандон ва шароити кории онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Ба кӯдакон дар бораи таърихи таъсис ва ташаккули мақомот, салоҳият ва ваколатҳо, самтҳои афзалиятноки соҳа, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак маълумот дода шуда, имконият фароҳам оварда шуд, ки кӯдакон лаҳзае бошад ҳам худро дар ин раванд ҳамчун масъули ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон тасаввур кунанд.
Ҳамзамон, дар доираи ин иқдом вохӯрӣ ва мулоқоти кӯдакон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Муқимӣ Нигора Аминзода ташкил карда шуда, ба онҳо маводи иттилоотӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бо назардошти таҳкими қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самтҳи ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла тақвияти масъалаҳои иштироки кӯдакон дар қабули қарорҳои ба онҳо дахлдошта, ба инобат гирифтани фикри кӯдак ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо ташкили чунин чорабиниҳо бо кӯдакон аз аҳаммият холӣ намебошад.






