
Рӯзи 2 июни соли ҷорӣ Муқимӣ Нигора Аминзода - муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ҷиҳати табрик намудани тарбиятгирандагон ба муносибати «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» ба Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12, ташриф оварданд.
Зимни ташриф ба тарбиятгирандагон оид ба таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон, қабули барномаҳои давлатӣ, қонунгузории миллӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, инчунин, ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои онҳо, хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар масоили мубрам шаҳр дода шуд.
Дар як вақт дар ҳошияи ин ҷашни муҳим ба кӯдакон таманиёти беҳтарин иброз гардида, аз онҳо ҷиҳати дар руҳияи инсондустӣ, эҳтиром ба калонсолон ва аҳли ҷомеа, тарбия ёфтан, ба омӯзиш машғул шудан ва минбаъд даст назадан ба кирдорҳои номатлуб даъват ба амал оварда шуд.
Дар доираи чорабинии мазкур барои тарбиятгирандагони муассиса чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардид.
Ҳамчунин бо шароити ҷойи хоб, ошхона, мактаб ва маркази саломатии муассисаи мазкур мавриди боздид қарор дода шуд.






