ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
31
майи
2026

Табрикотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ба муносибати «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон»

1 июн - «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон»- рӯзест, ки тамоми ҷаҳон назарашро ба сӯи кӯдакон медӯзад. Рӯзе, ки аз соли 1950 инҷониб дар саросари дунё таҷлил мегардад. Ин рӯз ёдоварӣ аз он аст, ки кӯдакон - гаронбаҳотарин мероси инсоният буда, онҳо ҳуқуқ доранд зиндагӣ кунанд, хушбахт бошанд, дар муҳаббат ба воя расанд, таҳсил гиранд ва амн бошанд.  

        

Дар кишвари мо - Тоҷикистони азиз - ҳифзи кӯдакон ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, Пешвои муаззами миллат- Президенти мамлакат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки «Ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандусту ватанпарвар ва дорои ҳисси баланди хештаншиносӣ, вобастагии амиқ дорад».

Имрӯз дар Тоҷикистон: - мактабҳо ва муссисаҳои томактабӣ таҷдиду азнавсозӣ шуда, сохтмони муассисаҳои нав бо суръат идома дорад. Қонунҳои миллӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба тасвиб расида, ҷиҳати пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо нисбати ноболиғон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мунтазам такмил ёфта истодааст. Барномаҳои давлатии ҳифзи саломатии кӯдакон қабул гардида, кӯдакони боистеъдод пайваста аз ҷониби давлат дастгирии меёбанд. Кӯдакон ва волидайни онҳо аз минтақаҳои ҷангзада ва осебпазир ба ватан баргардонида шуда, ятимону маъюбон ва кӯдакони дар вазъияти душвор қарордошта таҳти сарпарастию ғамхории давлат қарор доранд.

Волидайни гиромӣ, устодони арҷманд ва аҳли ҷомеа!

Кӯдакон ба мо таваҷҷуҳ мекунанд. Онҳо аз мо меомӯзанд, ки чӣ гуна зистан, чӣ гуна сухан рондан, чӣ гуна дӯст доштан ва чӣ гуна мубориза бурдан лозим аст. Кӯдаконро бе назорат нагузоред ва нисбат ба тақдири онҳо бетараф набошед!

Ин масъулияти бузург бар души мост, ки барои кӯдакон бояд намуна бошем. Мо ӯҳдадорем, ки дар хона муҳити солим ва амн фароҳам оварем, ба фарзандамон гӯш диҳем ва дарди дилашонро бифаҳмем, онҳоро аз хушунат ва таъсирҳои бад ҳифз кунем, ба таълиму тарбияашон дуруст машғул шавем, ба орзуҳояшон эҳтиром гузорем ва дастгирашон бошем.

Мудом бикӯшем, ки ба ҳар як кӯдак ба чашми меҳру муҳаббат нигарем, ҳуқуқи ҳар кӯдакро риоя кунем ва барои ояндаи дурахшони ҳар фарзанд талош намоем.

Мо, калонсолон, вазифадор ҳастем, ки барои кӯдакон ҷаҳони беҳтар, бехатар ва боадолат бунёд кунем. Зеро кӯдакон - ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ифтихори миллат ҳастанд!

Фарзандони азиз!

Шумо нури умед ҳар як хонадон ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик ҳастед. Хандаи шумо хастагии волидайнро мебарад. Саволҳои ширинатон инсонро ба ваҷд меорад ва нерӯи тоза мебахшад. Орзуҳои шумо ояндаро месозад. Ва ин ҳақиқати абадист, ки ҳеч чизе дар дунё аз фарзанд ширинтару гиромитар нест.

Шумо - оғози ҳар рӯз, умеди фардо ва маънои зиндагии мо ҳастед.

Шумо дар рӯзгоре зиндагӣ мекунед, ки пур аз имкониятҳои бузург аст. Имрӯз китобхонаҳои пур аз китобҳои гуногун, мактабҳои муҷаҳҳаз аз таҷҳизоти замонавӣ ва асбоби хониш, синфхонаҳои компютерӣ, устодони соҳибмалака - ҳама дар хидмати шумо ҳастанд.

Аз шумо танҳо тақозо мегардад, ки:

Биёмӯзед! Дониш бузургтарин сарват аст, ки ҳеҷ кас аз шумо гирифта наметавонад. Китобро дӯст доред, зеро китоб дарвозаи ҷаҳонро ба рӯи шумо боз мекунад.

Меҳрубон бошед! Ба дӯстон, ба омӯзгорон, ба волидайнатон, ба калонсолон ва аҳли ҷомеа эҳтиром гузоред. Одами меҳрубон ҳамеша дар дилу дида ҷой дорад.

Орзу кунед! Орзуи духтур, муаллим, меъмор, муҳандис, ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ, барномасоз шуданро кунед. Ҳар орзу аввалин қадам ба суи муваффақият аст.

Солим бошед! Ба варзиш машғул шавед, дар ҳавои кушод бозӣ кунед, хӯроки солим хӯред. Ҷисми солим заминаи ақли солим аст.

Қонунро риоя кунед ва даст ба кирдорҳои номатлуб назанед. Ҳанӯз чандин садсола пеш мутафаккири бузурги юнонӣ Ситсерон гуфта буд: «Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош!».

Имрӯз мо дар асри технологияи муосир зиндагӣ мекунем. Аз шабакаҳои интернет мақсаднок истифода баред, зеро интернет дар дасти доно - дарвозаи илм аст, аммо дар дасти шахси бепарво - дарвозаи хатар!

Ватанро дӯст доред! Тоҷикистон кишвари таърихӣ буда, фарҳанги бой дорад. Ифтихор кунед, ки тоҷик ҳастед. Ҳар гоме, ки шумо имрӯз дар роҳи дониш мегузоред - қадамест ба суи ободии Ватан. Ҳар китобе, ки мехонед - девори мустаҳкамест барои бунёди оянда. Ҳар ихтирое, ки мекунед - гавҳарест дар тоҷи миллат. Шумо идомадиҳандаи миллати тоҷик ҳастед. Ин ватанро шумо обод мекунед!

Дар ин рӯзи фархунда ба якояки Шумо саломатии бардавом, хониши аъло, рафтори намунавӣ, амалишавии орзуҳоро таманно дорам.

Рӯзи ҳифзи кӯдакон муборак бод!


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal