ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
3
сентябри
2026

Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ зери номи «Рушди ҳуқуқи инсон дар 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон» ва рӯнамоии китоб

2 сентябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди ҳуқуқи инсон дар 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон» баргузор гардид.

 

Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни конференсия масъалаҳои марбут ба нақши Истиқлолияти давлатӣ дар ташаккули низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили қонунгузорӣ, таҳкими фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, инчунин нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идомаи чорабинӣ рӯнамоии китоби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳти унвони «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар даврони 35 соли соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид.

Дар китоб раванди ташаккул ва рушди низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, дастовардҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз, ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорон, инчунин нақши Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими ҳуқуқҳои кӯдак ва ташаккулу рушди фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Китоб барои ҳуқуқшиносон, кормандони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён ва доираи васеи хонандагоне, ки ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ доранд, тавсия карда мешавад.

Баргузории конференсия ва рӯнамоии китоби мазкур қадами муҳим дар самти омӯзиш ва таҳлили дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва бозгӯ намудани нақши Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими низоми миллии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.

www.ombudsman.tj


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal