МЕНЮ

ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 май бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Шабе дар Осорхона» иқдоми байналмилалӣ баргузор шуда, дар як шаб 30 барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди меҳмонон ва иштирокчиён гардонида мешаванд. Дар ин бора сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
29
апрели
2021
|
Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 рӯзҳои 29-30 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба вазъи риояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон мониторинг гузаронида шуд.
22
апрели
2021
|

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода дар доираи иҷрои вазифаҳои худ ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон рӯзи 22 апрели соли ҷорӣ аз «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и ш.Душанбе дидан намуд.

Тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2021 дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2021-2025 рӯзҳои 20 - 21 апрели соли 2021 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №86 ва №11 шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби намоянда аз ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд” дар самти “Ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил” санҷиш гузаронида шуд.
14
апрели
2021
|

ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Норак Алия Қурбоналиева дар Озмуни байналмилалии адабӣ-бадеӣ бахшида ба 115-солагии шоири кӯдаконаи рус Агния Барто миёни 268 нафар иштирокчиён аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал, Дипломи дараҷаи якум ва роҳхат ба истироҳатгоҳи тобистонаи «Артек» гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад.