ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Январ 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

22
январи
2021

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони 4-умин Олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 аз фанни математика, ки аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ташкил  шуда буд, эълон гардиданд. Дар қатори беш аз 2 миллион иштирокчӣ аз 7 кишвари олам 22 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд низ дар олимпиадаи мазкур аз фанни дақиқ бо забони англисӣ тариқи фосилавӣ (онлайн) иштирок намуданд. Аз онҳо 15 нафар мақоми аввал ва ғолибиятро дар озмуни мазкур ба даст оварда, бо Диплом ва медалҳо сазовор гардиданд. Дар ин бора  аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

22
январи
2021

ХОРУҒ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ як гурӯҳ тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои шаҳрро даъват намуда, як соат вақти худро дар утоқҳои корӣ, сарои мошинҳои махсуси оташнишонӣ, макони машқҳои тактикӣ гузарониданд. Дар зимн ба бисёр саволҳои кӯдакон оид ба сабабҳои сар задани сӯхтор ва роҳҳои бартараф намудани он ҷавобҳои мукаммал доданд.

21
январи
2021

Имрӯз дар Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ. бо Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Осама Маккави Хогали доир гардид.

19
январи
2021

ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода ба ғолибони даври вилоятиву ҷумҳуриявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ғолибони озмунҳои фаннии даври вилоятиву ҷумҳуриявӣ туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим намуд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

19
январи
2021

ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ғунчаҳои Хатлон»-таҳти чунин унвон дар вилояти Хатлон нашрияи махсус барои кӯдакону наврасон таъсис дода шуд.

Омодакунандаи сомона DarAmal