ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Январ 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

28
декабри
2020

Тибқи Дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №32/10-228 аз 14.02.2019 рӯзҳои 24-26 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои шахсони тамоси вазорату идораҳо тренинг гузаронида шуд.

24
декабри
2020

Дар арафаи Соли нав гурӯҳи кории амалисозии Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон бо мақсади табрикоти тарбиятгирандагон ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ташриф оварданд. 

16
декабри
2020

ДУШАНБЕ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи нуҳум аст, ки  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Дар рӯзи нахустини озмун намояндагони вилояти Бадахшон, дар рӯзҳои дуюму сеюм довталабони вилояти Суғд, рӯзҳои чоруму панҷум намояндагони вилояти Хатлон, рӯзи шашум ва ҳафтум довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рӯзҳои ҳаштуму нуҳум довталабони шаҳри Душанбе баромад доранд.

15
декабри
2020

ДУШАНБЕ, 15.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Вазорати корҳои дохилӣ Чемпионати кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ  дар  сатҳи баланд баргузор шуд. Дар чемпионат 60 нафар варзишгарон дар ҳайати 5 дастаи мактабҳои шиноварӣ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ширкат карданд. Дар ин бора аз  Федератсияи шиноварии Тоҷикистон ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон  хабар доданд.

15
декабри
2020

ТУРСУНЗОДА, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба ҳамаи тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони шаҳр либосҳои варзишӣ, пойафзол ва бастаи шириниҳо тақдим ва барояшон дастархони идона кушода шуд.

Омодакунандаи сомона DarAmal