Бо чунин унвон рӯзи 12 июн соли ҷорӣ бо иштироки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак» мизи мудаввар баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 01.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Ҷумҳурии Точикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» таҷлил гардида, бахшида ба ин сана дар саросари мамлакат маҳфилҳои зиёди илмиву фарҳангӣ, барномаҳои консертӣ ва намоишномаҳо, чорабиниҳои варзишӣ доир мегарданд.
Рӯзи 30 майи соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон – 1 июн ба Гимназияи хусусии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муҳассилини ин боргоҳи таълимӣ вохӯрӣ анҷом дод.
Дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак рӯзи 1 июни соли 2019 кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак Нидоев Ҳусниддин ва муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Низомов Абдуҳалим ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ташриф овард.





