ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
27 28 29 30 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

girl boy3

21
ноябри
2019

Ноябрь 20, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/.Соли ҷорӣ ҷаҳони мутамаддин 30-солагии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ҷашн мегирад. Конвенсияи мазкур бо қарори 44/25 Ассамблеяи Генералии СММ  аз 20 ноябри соли 1989 қабул шуда, то имрӯз аксарияти кулли давлатҳои дунё онро ба тасвиб расонидаанд. Аҳамияти бузурги Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак он аст, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ҳамаҷониба ба танзим дароварда шуда, давлатҳои аъзо вазифадоранд, ки ҷиҳати иҷро намудани меъёрҳои муқаррарнамудаи он пайваста саъю талош варзанд. 

19
ноябри
2019

19 ноябри соли 2019 бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Азим Иброҳим ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва кӯдакон саммити миллии кӯдакон баргузор шуд.

16
ноябри
2019

Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷумлаи муҳимтарин санадҳои байналмилалие мебошад, ки ҳуқуқҳои бунёдии кӯдак ва аз ҷумла яке аз ҳуқуқҳои калидии ӯ - ҳуқуқ ба таҳсилро ба танзим медарорад, зеро маърифатнокӣ омили асосии амалисозии дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад. Конвенсияи мазкур бо қарори 44/25 Ассамблеяи Генералии СММ  аз 20 ноябри соли 1989 қабул шудааст.

15
ноябри
2019

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибуллозода Р.Ҳ. санаи 15 ноябри соли 2019 бо даъвати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳаомҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнат, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдак баргузор гардид, иштирок ва бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард.

12
ноябри
2019

Дар доираи иҷрои вазифаҳои худ ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи кӯдаконе, ки дар Хонаи кӯдакони № 2 ш. Душанбе тарбия мегиранд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ.санаи 12 ноябри соли ҷорӣ ба муассисаи мазкур боздид ба амал овард.

Омодакунандаи сомона DarAmal