МЕНЮ
|
19
ноябри
2019
|
19 ноябри соли 2019 бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Азим Иброҳим ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва кӯдакон саммити миллии кӯдакон баргузор шуд.
Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷумлаи муҳимтарин санадҳои байналмилалие мебошад, ки ҳуқуқҳои бунёдии кӯдак ва аз ҷумла яке аз ҳуқуқҳои калидии ӯ - ҳуқуқ ба таҳсилро ба танзим медарорад, зеро маърифатнокӣ омили асосии амалисозии дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад. Конвенсияи мазкур бо қарори 44/25 Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 ноябри соли 1989 қабул шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибуллозода Р.Ҳ. санаи 15 ноябри соли 2019 бо даъвати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳаомҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнат, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдак баргузор гардид, иштирок ва бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард.
|
12
ноябри
2019
|
Дар доираи иҷрои вазифаҳои худ ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи кӯдаконе, ки дар Хонаи кӯдакони № 2 ш. Душанбе тарбия мегиранд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ.санаи 12 ноябри соли ҷорӣ ба муассисаи мазкур боздид ба амал овард.
|
11
ноябри
2019
|
Рӯзи 8 ноябри соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба ифтихори ҷашнҳои 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак чорабинии калони фарҳангиву фароғатӣ барои кӯдакон ташкил ва гузаронида шуд. Чорабинии мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.





