ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Январ 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

25
марти
2018

22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

27
феврали
2018

Рӯзҳои 22-23 феврали соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Иттиҳоди ҷаҳонии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуд.

15
феврали
2018

“...Вақти он расидааст, ки дар навиштани ному насаб аз имкониятҳои забони тоҷикӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи миллӣ истифода барем. Татбиқи оқилона ва санҷидаи ин сиёсат ба эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мусоидати матлуб хоҳад намуд.” – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

22
январи
2018

Тавре қаблан хабар дода будем, зимни як маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати мамлакат бо ҳисси баланди ватандорӣ дар пеши худ мақсад гузоштанд, ки барои ободонии пойтахт ва истироҳати бофароғати сокинону меҳмонон иншооти гуногун, аз қабили майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд мекунанд.

17
январи
2018

Дар ҷумҳурӣ вазъи таъмини ҳуқуқҳои кӯдак сол аз сол беҳтар мегардад. Тоҷикистон дар раддабандии «Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2017», ки соли 2017 аз ҷониби созмони «Бунёди ҳуқуқи кӯдак» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ерасмуси Роттердам дар байни 165 кишвари аъзои Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, саломатӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист гузаронида шудааст, Тоҷикистон дар ҷойи 55 қарор гирифта, байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз Ҷумҳурии Қазоқистон (ҷойи 22) ва Туркманистон (ҷойи 42) дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Омодакунандаи сомона DarAmal