ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
27 28 29 30 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

girl boy3

12
майи
2021

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба 316 нафар сокинони ниёзманди вилояти Суғд аробачаҳои нави маъюбӣ эҳдо карда шуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

12
майи
2021

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Иди саиди Фитр Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Озода Раҳмон ба хонаводаи панҷгоникҳо, ки  дар ноҳияи Қубодиён зиндагӣ менамоянд, маоши якмоҳаи худ ва  туҳфаҳои молӣ- ҷиҳози хонаи хоб, яхдон, кондитсионер, телевизор ва мошинаи ҷомашӯӣ барои ҷиҳозонидани хонаи истиқоматии панҷгоникҳоро, ки айни замон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён бунёд гардида истодааст,  тақдим намуданд. Инчунин ба панҷгоникҳо маводи хӯрокворию ғизои кӯдакона ва ба волидони онҳо кумаки молиявӣ расонида шуд.

11
майи
2021

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Бо оҳи ҷонсӯз ва дили ҳазин имрӯз ғамшарики модарони афғон ҳастем, ки ҷигарбандонашон зимни амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ ҷони ҷавони худро ба ҷонофарин супориданд. Ин кулфат, ин ҳасрат, ин бадбахтӣ фоҷеаи на фақат модарони афғон, балки тамоми модарони рӯи олам аст».

10
майи
2021

ДУШАНБЕ, 09.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 76-солагии Ғалаба боздид намуданд.

8
майи
2021

ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  18 май бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Шабе дар Осорхона» иқдоми байналмилалӣ баргузор шуда, дар як шаб 30 барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ  пешниҳоди меҳмонон ва иштирокчиён гардонида мешаванд. Дар ин бора сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Омодакунандаи сомона DarAmal