ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
19
ноябри
2020

20 ноябр - Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон

20 ноябр - Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон

Кӯдакону наврасон қишри осебпазири ҷомеа мебошанд. Мутаассифона, дар аксар давлатҳои ҷаҳони муосир манфиатҳо ва ҳуқуқҳои онҳо поймол карда мешаванд. Надоштани манзили муносиб ва бехатар, ғизои солим, оби ошомиданӣ, шароити санитарии зиндагӣ, дастрасӣ ба таҳсил, ҷалб гардидан ба меҳнати маҷбурӣ, мавриди зӯроварӣ ва истисмор қарор доштан аз маъмултарин вайронкунии ҳуқуқи кӯдакон мебошад.


Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини некӯаҳволии кӯдакон, беҳ намудани широити зиндагӣ ва инкишофи озодонаи онҳо Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 1954 20 ноябрро ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон” эълон намуд ва он ҳамасола дар ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Баъдан аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ 20 ноябри соли 1959 Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва 20 ноябри соли 1989 Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак қабул гардиданд, ки дар таъмин ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар саросари дунё заминаи хуби ҳуқуқӣ гузоштанд.
Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, ки баъзан "Конститутсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи кӯдакон" ном бурда мешавад, ҳуҷҷати сатҳи олии байналмилалӣ, созишномаест, ки иҷроиши он барои ҳамаи давлатҳои ба он ҳамроҳшуда ҳатмӣ мебошад. Он аз 3 қисм ва 54 модда иборат буда, 41 моддаи он ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон бахшида шудааст.
Конвенсия ҳуқуқи кӯдакро аз 4 ҷиҳат баррасӣ мекунад: зинда мондан, инкишоф ёфтан, ҳифз шудан ва таъмини иштироки фаъоли кӯдакон дар ҳаёти ҷомеа.
Зинда мондан, яъне ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи ҷудонопазир ва муҳимтарини кӯдакон мебошад. Ҳама давлатҳо бояд то ҳадди имкон зинда мондан ва инкишофи кӯдакро таъмин кунанд. Конвенсия инчунин ҳуқуқи ҳар як кӯдакро барои дастрасӣ ба муассисаҳои тандурустӣ, сатҳи кофии зиндагӣ (аз ҷумла ғизо, оби тоза ва манзил), ҳуқуқ ба ном ва шаҳрвандӣ эътироф мекунад.
Конвенсия инкишофи солими кӯдакро тавассути ҳуқуқ ба таҳсил, истироҳат ва фароғат, ҳуқуқи пайравӣ ба ҳар гуна дин, ҳуқуқ ба озодии виҷдон, озодии баён ва ба назар гирифта шудани ақидаҳои кӯдак таъмин мекунад.
Конвенсия ҳимояи кӯдаконро дар ҳолатҳои мухталиф пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, кӯдакони инкишофи ақлониашон суст, кӯдакони дорои маъюбият, кӯдакони гуреза, ятимон, кӯдаконе, ки бо ин ё он сабаб аз волидони худ ҷудо шудаанд. Давлатҳо уҳдадор шудаанд чораҳои дахлдор андешанд, то кӯдакон аз шаклҳои зӯроварии ҷисмонӣ ё равонӣ, аз таҳқир ё суиистифодаи шаҳвонӣ, ки аз тарафи падару модар ё васиҳо ва ё дигар шахсони масъули сарпараст содир мегарданд, ҳимоя шаванд.
Конвенсия иштироки фаъоли кӯдаконро дар ҷомеа эътироф мекунад. Яъне кӯдакон ҳуқуқ доранд бо одамон вохӯриҳо гузаронанд, ба иттиҳодияҳо дохил шаванд ё иттиҳодияҳо таъсис диҳанд. Онҳо ҳуқуқ доранд ақидаҳои худро озодона баён кунанд ва ҳангоми қабули қарорҳо, ки ба ҳаёти онҳо дахл дорад, ақидаи онҳо ба назар гирифта шавад. Кӯдакон ҳуқуқи дахлнопазирӣ, махфияти мукотиба ва ҳимояи шаъну шарафро доранд. Давлат бояд дастрасии кӯдаконро ба маълумот ва маводҳо аз сарчашмаҳои гуногун таъмин намояд, дар воситаҳои ахбори умум паҳншавии маводҳоеро, ки ба рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии кӯдак мусоидат мекунанд, дастгирӣ намояд ва дар масъалаи муҳофизати кӯдакон аз маълумоти зараровар чораҳо андешад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонда, ҷиҳати амалишавии он тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳоро меандешад. Қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ ва принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак таҳия гардида, пайваста такмил дода мешавад.
Имрӯз дар Тоҷикистон зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду камолоти кӯдакон дар шароити озоду арзанда тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҳифз карда мешаванд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ таъмини беҳтарин манфиатҳои кӯдакон ва наврасон, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо, таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад.
Ҷиҳати таъмини ин кафолати конститусионӣ дар баробари қонунгузорӣ инчунин фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор ба ҳифзи модару кӯдак равона карда шудааст. Аз ҷумла, соли 2008 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки мақоми доимоамалкунанда буда, сиёсати давлатиро ба хотири таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак амалӣ менамояд. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак низ дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдак нақши муҳим мебозанд. Мақомотҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, адлия, прокуратура, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш ва як қатор вазорату идораҳои дигар низ барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак масъуланд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак таъсис дода шуда, вазифаҳои худро дар доираи салоҳияти бо қонун муқарраршуда тавассути қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ мегардонад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи кӯдак рушд ёфтанд. Ҳамкорӣ хусусан бо дафтари Хазинаи кӯдакони СММ хеле назаррас буда, он дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ сурат мегирад.
Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон имкони хубест барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳуқуқи кӯдакон ва таъмини шароити арзанда барои инкишофи онҳо.
Таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдак вазифаи на танҳо давлат буда, дар ташаккули бомуваффақияти шахсияти кӯдак ҳама аъзоёни ҷомеа - волидон, мураббиён, табибон, намояндагони дин, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони ВАО, инчунин худи ҷавонону кӯдакон бояд саҳмгузор бошанд.

Сайёд Раҳимов,
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal