ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
26
октябри
2022

Ҳуқуқ ба зиндагӣ ва тарбия дар оила

Ба муносибати 33-солагии
қабули Конвенсияи СММ дар
бораи ҳуқуқҳои кӯдак

Ҳуқуқ ба зиндагӣ ва тарбия дар оила

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ташаккул ёфт.

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид. Тибқи талаботи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи СММ иштирокчии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак мебошад. Мувофиқи моддаи 6 Конвенсияи мазкур ҳар як кудак ҳуқуқи дахлнопазир ба ҳаёт дорад ва давлат уҳдадор аст зинда мондан ва инкишофи кӯдакро таъмин намояд.
Барои дар амал татбиқ шудани меъёри зикргардида дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардида амалӣ шуда истодаанд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ва ғайраҳо аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо мебошанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷамъият эътироф ва ҳимоя мекунад. Аз ҷониби давлат таҳти ҳимоя қарор доштани оила дар баробари дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ шаклҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии оила ва кӯдак кафолат дода шудааст.
Масъалаҳои маърифати оиладорӣ баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, мавқеи зан дар ҷомеа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2015 таъкид карданд, ки “ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад”. Бинобар ин, соли 2015-ро дар кишвар “Соли оила” эълон карданд. Ҳамзамон зикр карданд, ки “масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, аз ҷумлаи проблемаҳое мебошад, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад”.
Ҳуқуқ ба зиндагӣ ва тарбия дар оила яке аз ҳуқуқҳои фитрӣ ва ҷудонопазири ҳар як шахс ба ҳисоб меравад. Кӯдак бояд дар оилаи солим бо падару модар якҷоя зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Дар муҳити оила ба воя расидан ҷиҳати рӯҳан ва ҷисман инкишоф ёфтани кӯдак яке аз роҳҳои таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак маҳсуб меёбад. Падару модар бояд нисбати кӯдак ғамхорӣ намуда дар оила шароити мӯътадилро барои зиндагӣ ва тарбия муҳаё созанд.
Тибқи талаботи моддаи 55 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз ғамхорӣ ва тарбияи онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба манфиатҳои ӯ мебошанд, баҳраманд шавад. Дар сурати набудани волидон, аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани онҳо ва дар ҳолатҳои дигари аз даст додани васояти волидон, ҳуқуқи кӯдак барои тарбия дар оила мувофиқи тартиби муқаррарнамуда аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ таъмин карда мешавад.
Кӯдак ҳамчунин ҳуқуқ дорад, ки бо падару модар, бобо, биби (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо муошират намояд. Бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби волидон ё зиндагии ҷудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кӯдак таъсир намерасонад. Дар мавриди ҷудо шудани кӯдак бо яке аз онҳо ё бо ҳарду алоқаро нигоҳ дорад. Мутаасифона таҷриба нишон медиҳад, ки баъзе падару модарон баъди бекор кардани ақди никоҳ барои муошират бо фарзандон монеагӣ эҷод мекунанд. Кӯдаконро ҳамчун воситаи таъсирррасонӣ ё қасдгирӣ аз падару модар, бобо, биби (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо истифода менамоянд, ки амали мазкур ба ҳолати руҳию равонии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.
Яке аз шаклҳои афзалиятноки дар муҳити оила тарбия ёфтани кӯдакони бепарастории падару модар монда ин фарзандхондӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи талаботи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” бо мақсади муҳайё кардани шароити рушду камол ва тарбияи кӯдаки бепарастор дар оила уро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст.
Дар сурати ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак оқибатҳои ҳуқуқии он низ ба вуҷуд меояд. Моддаи 137 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки кӯдакони фарзандхондшуда ва авлоди онҳо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онҳо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онҳо дар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молу мулки ва ғайримолумулкии шахси аз рӯи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд.
Падару модар нисбат ба шахсони дигар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Онҳо ҳуқуқ доранд, ки баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонунӣ ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад, талаб намоянд. Дар ин робита ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар набояд бар хилофи манфиатҳои беҳтарини кӯдак татбиқ шаванд. Дар сурати хилофи манфиатҳои кӯдак татбиқ шудани ин уҳдадориҳо тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда аз тарафи суд барои гирифтани кӯдак аз падару модар ё яке аз онҳо бе маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ санади судӣ қабул карда мешавад. Яъне ҳуқуқи падару модар нисбати фарзанд маҳдуд карда мешавад. Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модарӣ дар ҳолате мумкин аст, ки агар бо волидон (яке аз онҳо) гузоштани кӯдак ба сабабҳои ба онҳо вобаста набуда (дар асари ноқисии рӯҳӣ ё дигар бемории кӯҳна, шароити вазнин ва ғайра) барои кӯдаки ноболиғ хатарнок бошад.
Чораи дигаре, ки қонунгузорӣ ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои беҳтарини кӯдак пешбинӣ кардааст ин маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ мебошад, ки асосҳои он дар моддаи 69 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудаанд.
Қобили зикр аст, ки маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар қонунгузории амалкунанда чораи муваққатӣ ба ҳисоб рафта, агар рафтору кирдор, тарзи зиндагӣ ва муносибати падару модар нисбат ба тарбияи кӯдак ба тарафи мусбӣ тағйир ёфта бошад ҳуқуқи падару модарӣ (яке аз онҳо) барқарор карда мешавад.
Дар сурати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғон аз ҷониби падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи кӯдакону наврасон корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, дар саросари кишвар сохтмони муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, маҷмааҳои варзишӣ, кӯдакистонҳо ва майдончаҳои зебову замонавии варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки барои таълиму тарбия ва истироҳату фароғати кӯдакону наврасон ва ояндаи онҳо мусоидат мекунад.
Бинобар ин ҳар як падару модар уҳдадоранд, ки бар ивази ҳамаи ин заҳмату ғамхориҳо фарзандонро дар муҳити оила дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд.
Дар ин раванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати инкишоф, риоя ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ба зиндагӣ, ғамхории волидайн ва дар муҳити оила тарбия гирифтани кӯдакон мусоидат менамояд.

Машрабзода А.- Сармутахассиси
Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal