ON / OFF IMAGES FONT A A A BACKGROUND Ц Ц Ц Ц
Visually impaired

Commissioner for children’s rights
in the Republic of Tajikistan

МЕНЮ

girl boy2

Calendar of Events

March 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
26 27 28 29 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

girl boy3

Дастур ва принсипҳои ахлоқии омода намудани гузоришҳо дар бораи кўдакон ва ҷавонони то синни 18 сола

unicef

Кӯдакон ва ҷавонон ба мисли калонсолон ҳуқуқ доранд. Илова бар ин, онҳо ҳақ доранд, ки аз хатар ҳифз гарданд. Омода намудани гузоришҳо дар бораи кўдакон ва ҷавонон ба ин мавзӯъ ранги хоса ва маҳдудиятеро замм менамояд, махсусан дар давраи кунунӣ - вақте ки маҳдуд намудани қисса имконнопазир аст. Ҳуҷҷати мазкур ниятҳои беҳтарини хабарнигоронро дар омода намудани гузориши ахлоқӣ дастгирӣ менамояд, то дар роҳи хабарнигории ҳақиқат ҳуқуқи кӯдаконро зери хатар намонад.

Дар баъзе мавридҳо гузориш дар бораи кӯдакон онҳоро ё дигар кӯдаконро зери хатари қасдгирӣ ё бадномсозӣ қарор медиҳад. Агар шакке вуҷуд дошта бошад, хабарнигор бояд ба он диққати махсус диҳад ва ҳуқуқи кӯдак аз эмин будан нисбати он хатар бояд таъмин гардад. Аз сабаби он, ки чунин ҳолатҳо на ҳама вақт рӯшан ба назар мерасад, хабарнигорро мебояд аз кормандони ЮНИСЕФ ё дигар мутахассисон барои муайян намудани манфиати беҳтарини кӯдак машварат бигиранд.

I. ПРИНСИПҲО

  1. Ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як кўдак бояд дар ҳама гуна ҳолату шароит риоя гарданд.
  2. Ҳангоми мусоҳиба бо кӯдакон ва омода намудани гузориш дар бораи кӯдакон, диққати махсус ба пӯшидагии ҳаёти шахсӣ ва махфият равона гардад, фикру андешаи онҳо (кӯдакон) шунида шавад, дар ҳалли масъалаҳои ба онҳо марбут иштирок намоянд ва аз хатару қасдгирии эҳтимолӣ ҳифз гарданд.
  3. Манфиатҳои беҳтарини кӯдак дар ҳама гуна ҳолатҳо бояд ҳифз гарданд, аз ҷумла ҳангоми ташвиқи масъалаҳои кӯдакон ва тарвиҷи ҳуқуқи кӯдак.
  4. Ҳангоми муайян намудани манфиати беҳтарини кӯдак, ҳуқуқи кӯдак дар бораи назардошти андешаи ӯ бояд ба тавозуни зарурӣ мувофиқи синну сол ва камолоти ӯ кашида шавад.
  5. Дар баҳогузорӣ намудани оқибатҳои нашри мавод рўзноманигор ба кўдак ва наздикони ӯ, ҳамчунин мутахассисоне, ки бо онҳо кор мебаранд, бояд дар борои ҷиҳатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дилхоҳ гузориш маслиҳат намояд.
  6. Агар барои кўдак, бародару хоҳар, ҳамсолони ў эҳтимолан хатаре ҷой дошта бошад, тағйир додани ном ё дар мавод нишон надодани номи ў кофӣ нест – расм ва маводҳои дигари ҳуҷҷатиро, ки муайян намудани шахсияти кўдакро имконпазир мегардонанд, чоп кардан мумкин нест.

II. ДАСТУР ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ МУСОҲИБА БО КЎДАК

  1. Ба кӯдак ягон хатаре пеш наоваред; аз додани суолҳо ё шарҳе, ки ба нозукиҳои масоили фарҳангӣ алоқамандӣ доранд, кӯдакро зери хатар ё таҳқир қарор медиҳанд ё дарди рӯҳонӣ ва ранҷи ходисаи талхи кӯдакро эҳё мекунанд, худдорӣ намоед.
  2. Ҳангоми интихоби кўдакон барои гузаронидани мусоҳиба ба маҳдудкунии ҳуқуқҳои онҳо дар асоси ҷинс, нажод, синну сол, дин, мақоми иҷтимоӣ, дараҷаи маълумот ё хусусиятҳои ҷисмонӣ роҳ надиҳед.
  3. Ба саҳнабоб кардани сўҳбат машғул нашавед. Аз кӯдакон хоҳиш накунед, ки дар барои гузорише, ки ба онҳо тааллуқ надорад нақле намоянд ё дар доираи он амале иҷро намоянд.
  4. Парасторони кӯдак бояд доданд, ки кӯдак бо хабарнигор мусоҳиба дорад. Мақсади гузориш ва ба кӣ пешниҳод шудани маводи ниҳоиро ба онҳо фаҳмонед.
  5. Аз кўдак ва парасторони ў барои гузаронидани мусоҳиба, ба навор гирифтан ва интишор кардани расм ва маводҳои ҳуҷҷатии ба ў дахлдор иҷозат гиред – хуб мешуд дар шакли хаттӣ. Розигӣ бояд ихтиёрӣ бошад, ба ягон маҷбурият набояд роҳ дод ва онҳо бояд бидонанд, ки гузориш бо иштироки онҳо дар сатҳи маҳаллӣ ё ҷаҳонӣ нашр мегардад. Иҷозат бояд бо забони ба кӯдак фаҳмо гирифта шавад ва пеш аз розигии худро доданд кӯдак бо нафари калонсоле, ки ба ӯ боварӣ дорад, маслиҳат кунад.
  6. Ба макон ва тарзи аз кӯдак мусоҳиба гирифтан аҳамият диҳед. Миқдори мусоҳиба ва новоргириро маҳдуд намоед. Кўшиш намоед, ки дар рафти гузаронидани мусоҳиба кўдак худро бароҳат ҳис кунад ва нақли худро озод, бе ягон фишори беруна, аз ҷумла фишор аз ҷониби рўзноманигор баён кунад. Дар навори филм, мусоҳибаи видеоӣ ва радиоӣ, кӯшиш намоед, ки ҷанбаҳои овозӣ ва макони гузориш аз маскунияти кӯдак дарак надиҳанд. Кӯдакро аз хатари нишон додани хона, ҷомеа ва умуман макони ӯ эмин нигоҳ доред.

III. ДАСТУР БОРАИ ОМОДА НАМУДАНИ ГУЗОРИШ ДАР БОРАИ КЎДАКОН

  1. Вазъияти кӯдакро боз ҳам бештар доғдор накунед; аз табақабандӣ ё шарҳе, ки метавонад ба кӯдак ҷавобан таъсири манфӣ расонад, ба мисоли зарари ҷисмонӣ ё рӯҳӣ, табъиз ё рад шудани ӯ аз ҷомеа, худдорӣ намоед.
  2. Ҳамеша дар гузориш дар бораи кӯдак ё расми ӯ маълумоти саҳеҳ диҳед.
  3. Ҳама вақт номи кўдакро тағйир диҳед ва ҳуввияти аёнии кӯдакро пинҳон намоед, агар:
    • қурбонии зўроварии шаҳвонӣ ё истисмори шаҳвонӣ гардидааст,
    • худ зўроварии ҷисмонӣ ё шаҳвонӣ содир кардааст,
    • мубталои ВНМО (ВИЧ), бемори ВПНМ (СПИД) аст ё аз ин беморӣ фавтидааст, ба истиснои ҳодисаҳое, ки кўдак , падару модар/васӣ ба маълум кардани ном розигӣ дода бошанд,
    • барои содир кардани ҷиноят гунаҳкор ё маҳкум карда шудааст.
  4. Дар сурати ҷой доштани хатар номи кўдакро тағйир диҳед ва ҳуввияти айёнии кӯдакро пинҳон намоед, агар:
    • иштирокчии амалиётҳои чангӣ ҳаст ё буд;
    • паногоҳ меҷўяд, гуреза ё муҳоҷир аст.
  5. Дар баъзе ҳолатҳо истифодаи номи кўдак ё расми ў манфиати беҳтарини кӯдакро дар бар мегирад. Новобаста аз ин, вақте ҳуввияти кӯдак аён истифода мешавад, ба ӯ муҳофизати зарурӣ аз хатари ҷойдошта бояд таъмин карда шавад ва барои роҳ надодан ба доғдоркунӣ ва интиқомгирӣ баро ӯ дастгирии зарурӣ пешкаш карда шавад. Чунин мисолҳо метавонанд дар ҳолатҳои хоси зерин ҷой дошта бошанд:
    • вақте ки сўҳбат бо рўзноманигор бо ташаббуси кўдак мегузарад ва ӯ мехоҳад аз ҳуқуқи озод баён кардан ва шунавонидани андешаи худ истифода барад;
    • вақте ки кўдак дар ин ё он барномаи иҷтимоӣ ширкат меварзад ва мехоҳад, ки ў ҳамчун иштирокчии ин барнома шинохта шавад;
    • вақте ки кўдак дар барномаи офиятӣ/мутобиқкунонии рўҳӣ ва иҷтимоӣ ширкат меварзад ва маълум кардани номҳои иштирокчиён ҷузъи таркибии ин барнома буда, барои инкишофи кўдак муфид аст.
  6. Дуруст будани гуфтаҳои кӯдакро аз тарафи дигар кӯдакон ё калонсолон ва беҳтараш ҳар ду тасдиқ намоед.
  7. Ҳар қадар саргузашти кўдак барои шумо муҳим намояд ҳам, дар сурати пайдо шудани шубҳа нисбати ҷой доштани хатар ҳангоми маълум кардани маълумот дар бораи кўдак, дар мавод дар бораи кўдаки алоҳида не, балки дар бораи вазъи ин гурўҳи кўдакон сухан кунед.

IV. ИСТИФОДАИ МАВОДҲОИ ЮНИСЕФ

Тамоми маводҳои ЮНИСЕФ бо ҳаққи табъу нашр, аз ҷумла мант, расмҳо, тасвирҳо ва наворҳои видеоӣ, ҳифз гардидаанд. Иҷозат барои аз нав ба нашр расонидани маводҳои ЮНИСЕФ бояд аз тарафи дафтари ЮНИСЕФ, ки он маводро омода намудааст, дастрас карда шавад. Иҷозат танҳо дар ҳолате дода мешавад, ки принсипҳо ва дастурҳои дар ҳуҷҷати мазкур овардашуда риоя гарданд.

Сарчашмаҳо: Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак; Ҳуқуқи кӯдак ва васоити ахбори омма; Дастур барои журналистон, Иттиҳодияи байналхалқии журналистон; Ахбори омма ва кӯдакони ҳифзи махсус дошта (ҳуҷҷати дохилӣ), Бахши ЮНИСЕФ оид ба равобит бо ҷомеаи; ва ҳамчунин Машварати дуюми байналхалқӣ дар бораи бемории ВНМО/ВПНМ ва ҳуқуқи башар, Дабири кулли СММ.

docДАСТРАС КАРДАН

 

Манбаъ: www.unicef.org


If a child begs, who is to blame?

If a child begs, who is to blame?

girl boy

Developed by DarAmal