МЕНЮ
Охирҳои моҳи декабри соли 2019 табибон дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Хитой як бемории шадиди роҳи нафасро ба қайд гирифтанд, ки тавассути вируси номаълум ба вуҷуд омад ва бо суръат дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) вируси навро "COVID-19" ном дод ва аз олимон ва мутахассисон даъват кард, то давои ин вирусро ҳарчи зудтар пайдо кунанд.
ДУШАНБЕ, 09.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи панҷ соли Ҷанги бузурги ватанӣ (1941-1945) ба Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ 646 ҳазору 302 нафар ташриф оварда, 291 ҳазору 54 китоб дархост кардаанд. Дар ҳамин панҷ сол бахши Абонементи байни китобхонаҳо барои мутолиа дар хона ба ниёзмандон 67 ҳазору 377 китоб додааст.
08.05.2020, шаҳри Душанбе
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамватанони азиз!
Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ — 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд.
Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда орзумандам.
ДУШАНБЕ, 05.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд. Дар ин бора имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 қарори дахлдор қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи таътил тариқи барномаи «Сандуқчаи зулбиё»-и «Телевизиони Баҳористон» дарсҳо гузаронида мешаванд ва хонандагон метавонанд аз онҳо истифода намуда, аз барномаи таълими мактабӣ дур намонанд. Ҳарчанд дар давраи таътил хонандагон аз дарсҳо дур бошанд ҳам, омӯзгорон ба онҳо китобҳои бадеӣ тавсия намудаанд, то ба мутолиаи пайваста машғул шаванд. Ин матлабро сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.





