ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Январ 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

25
апрели
2020

 
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомов А.Б. рӯзи 23 апрели соли 2020  бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакон аз Мактаби махсуси ҷумҳуриявии ш.Душанбе дидан намуданд.

24
апрели
2020

ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми коргардони амрикоӣ Крис Шуллер — «Осимӣ» дар бахши филмҳои телевизионӣ дар Амрико сазовори  зинаи аввали Ҷоизаи байналмилалии «Annie Award» гардид. Филми мазкур дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти  давлатию ҷамъиятии яке аз арбобони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, шахсияти бузурги миллати тоҷик, файласуф, шарқшиноси маъруф, академик Муҳаммад Осимӣ (1920-1996) нақл мекунад. Ин филм ду сол муқаддам аз ҷониби  коргардони амрикоӣ Крис Шуллер  дар Душанбе, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ бо санъати баланди филмофарӣ ба навор гирифта  шудааст. Филми «Осимӣ» бо забони англисӣ  ва бо зерматни (титри) тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва испанӣ таҳия гардидааст.

24
апрели
2020

Хуш омадед ба сомонаи расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон!
 
Ба иттилои ҳамагон расонида мешавад, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2020 №35-ф ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар 10, ошёнаи дуюми бинои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчонида шуд.
Барои иттилои бештар бо телефони
221-79-89 дар тамос бошед.
23
апрели
2020

ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Муасисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ Маркази таҳсилоти фосилавӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ифтитоҳи маркази мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, намояндагони тамоми сохторҳои вазорат ваустодону хонандагон иштирок намуданд.

22
апрели
2020

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳайати ҳакамон ва омӯзгорону донишҷӯён даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.

Омодакунандаи сомона DarAmal