ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
27 28 29 30 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

girl boy3

12
майи
2020

Охирҳои моҳи декабри соли 2019 табибон дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Хитой як бемории шадиди роҳи нафасро ба қайд гирифтанд, ки тавассути вируси номаълум ба вуҷуд омад  ва  бо суръат  дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ)  вируси навро "COVID-19" ном дод ва аз олимон ва мутахассисон даъват кард, то давои ин вирусро ҳарчи зудтар пайдо кунанд.

12
майи
2020

ДУШАНБЕ, 09.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи панҷ соли Ҷанги  бузурги ватанӣ (1941-1945) ба Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ  646 ҳазору 302 нафар ташриф оварда, 291 ҳазору 54 китоб дархост кардаанд. Дар ҳамин панҷ сол бахши Абонементи байни китобхонаҳо барои мутолиа дар хона ба ниёзмандон 67 ҳазору 377 китоб додааст.

8
майи
2020

08.05.2020, шаҳри Душанбе
 
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамватанони азиз!
 
Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ — 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд.
 
Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда орзумандам.

5
майи
2020

ДУШАНБЕ, 05.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд. Дар ин бора имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 қарори дахлдор қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Омодакунандаи сомона DarAmal