|
27
декабри
2019
|
Рӯзҳои 16-19 декабри соли ҷорӣ бо даъвати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода ва сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон С.Қодирӣ барои иштирок дар Конфренесияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Мушкилоти ҳимояи ҳуқуқи инсон дар қаламрави Авруосиё: табодули таҷрибаи пешрафтаи омбудсменҳо” ва ҷаласаи Алянси авруосиёии омбудсменҳо ба шаҳри Москва сафари хизматӣ намуданд.
|
24
декабри
2019
|
Дар доираи лоиҳаи “Ҳифзи кӯдакон дар раванди муҳоҷират дар Ҷанубу Шарқ, Ҷануб ва Осиёи Марказӣ” санаи 24 декабри 2019 аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарр ҳамкорӣ бо ТҶ “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзуи “Ҳеҷ кас дар вақти таваллуд набояд фаромуш шавад” баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
|
18
декабри
2019
|
Рӯзи 17 декабри соли 2019 дар доираи таҷлили ҷашнҳои 30-солагии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва Ҳафтаи ҳуқуқи инсон вохӯрии кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо ВМИ ҶТ, ВКД ҶТ ва МИҲД н.Фирдавсии ш.Душанбе бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
|
13
декабри
2019
|
Дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ва амалисозии банди 11 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳилаи сеюми (солҳои 2019-2020) Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 рӯзҳои 9-12 декабри соли 2019 аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ семинарҳои омӯзишии дурӯза гузаронида шуданд.
Дар доираи таҷлили ҷашнҳои 30-солагии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Рӯзи байналмилалии маъюбон ва Ҳафтаи ҳуқуқи инсон рӯзи 6 декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” вохӯрии Раҷабмо Ҳабибулозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯдакон ва наврасони фаъол баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ҷаноби Лучиано Калестини низ иштирок намуд.





