ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2025
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

13
майи
2025

Оила макони меҳрубонӣ

Ҳар сол дар саросари ҷаҳон 15-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои муайян кардани нақши оила дар ҷомеа ва рушду тарбияи шахсият таъсис дода шудааст. Соли 1993 Маҷмаи Умумии СММ ин рӯзро ҳамчун рӯзи махсус эътироф кард ва то имрӯз дар бисёре аз кишварҳо таҷлил мегардад.

Оила – пояи асосии ҷомеа ва мактаби аввалини инсон мебошад. Маҳз дар муҳити оила инсон меҳру муҳаббат, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва дигар арзишҳои инсонро омӯхта, ба ҳаёт омода мешавад.

Оила на танҳо муҳити парвариш ва тарбияи фарзандон, балки манбаи муҳаббат, оромиш ва пуштибонӣ инсон низ мебошад. Аз замони қадим дар фарҳанги миллати тоҷик оила макони муқаддас шуморида мешавад. Падар ҳамчун сутуни устувор, модар чун сарчашмаи меҳру муҳаббат ва фарзандон ифтихору баракати хонадон ба шумор мерафтанд.

 

Дар рӯзи оила, инсонҳо на танҳо оилаи худ, балки аҳамияти муносибати солим ва арзишҳои оилавиро таҷлил мекунанд. Ин фурсати муносибат  барои ҷамъ омадан, шукргузорӣ кардан аз доштани пайвандон ва талош варзидан барои мустаҳкамсозии робитаҳо мебошад.

Дар шароити муосир, ки зиндагии ҳаррӯза пур аз тазодҳо ва тарақиёти бо суръати техника аст, таҷлили ин рӯз моро водор месозад, ки баҳри пойдории оила ва тарбияи фазандон вақти бештар ҷудо намоем. Зеро ҷомеаи солим танҳо дар асоси оилаи солим бунёд меёбад.

Оила макони асосии тарбияи инсон, пойдевори устувори ҷомеа ва сарчашмаи меҳру муҳаббат аст. Мустаҳкам намудан ва ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шахс ба ҳисоб меравад.

Оила ҷузъи таркибии ҷомеа пайвандгарӣ байни наслҳо ҳамеша  инкишоф меёбад. Оила як ҷузъи хурди ҷамъият, офаранда ва бахшандаи ҳайёту бақои ҷомеа аст.

Дар оила ҳиссиёт ва одатҳои давраи кӯдакӣ сипарӣ мешаванд, ки онҳо дар ташаккулёбии минбаъдаи маънавиёти шахсият замина мегузоранд. Бе оилаву оиладорӣ давлат ва миллат вуҷуд дошта наметавонад. Оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида мешавад. Бо дар назар доштани ин муҳимият Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 –ро соли “Оила” эълон намуда буданд.

Оилаи солим оилаест, ки бунёдаш аз меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ асос ёфтааст. Ҳар як фарди ҷомеа бояд баҳри ободии ҷомеаи солим камари ҳиммат бандад ва дар ин раванд бунёд намудани оилаи солим бояд ҳамеша дар меҳвари он қарор дошта бошад.

Пошхурии оилаҳои ҷавон боиси кам гардидани арзишҳои оилавӣ ва нобаробарӣ дар ҷомеа мегардад. Ободию муваффақияти ҳар оиларо маърифати баланди инсонӣ доштани аъзои он ташкил медиҳад ва мустаҳкам нигоҳ медорад.

Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзандон ба шумор меравад, ки нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод махсусан муҳим мебошад.

Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонӣ, муҳаббату садоқат, солимию вафодорӣ, ҳамдигарфаҳмиву таҳамулгароӣ, бархурдор бошад ва дар ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятиму маъюб, табобат таҳсил, ва истироҳати кӯдакон саҳми арзандаи худро гузорад.      

 

 

Ваколатдор оид

ба ҳуқуқи кӯдак

М. Бобоҷонзода


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal